Раъно Ҳошимзода аз Бӯстон ба Гулистон рафт: идомаи таъйиноти кадрӣ дар Суғд

© © SputnikРаъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон
Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси шаҳри Бӯстон аз вазифааш барканор ва ба мансаби нав таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Раъно Ҳошимзодаро ба мақоми нав таъйин кардаст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, Ҳошимзода аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстон барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Бахтиёр Саидаҳмадзодаро иваз намуд. Дар бораи вазифаи ҷадиди Саидаҳмадзода феълан иттилоъ дар даст нест.
Раъно Ҳошимзода, ки ба мақоми роҳбарии Гулистон расид, ҳоло ягона шаҳрдори зан дар Суғд гуфта мешавад.
Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт барканор шуду мансаби нав гирифт
Гулистон яке аз шаҳрҳои санотии Суғд мебошад, ки саҳми он дар иҷрои нақшаи андоз бориз арзёбӣ мегардад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Раъно Ҳошимзодаи 53-сола зодаи шаҳри Хуҷанд, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ аст, ки унвони номзади илмҳои иқтисодиро низ дорад.
Ӯ фаъолияташро аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ҳайси муаллими кафедраи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оғоз кардааст. Вай солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2018 то ин вақт мавсуф раиси шаҳри Бӯстони Суғд буд. Ин зани мансабдор оиладор ва модари чаҳор фарзанд аст, омадааст дар ҳолнома.
Лентаи хабарҳо
0