Диаспори тоҷикони Волгоград барои фиристодани ҷасадҳои муҳоҷирон ба Ватан кумак мекунад

© Sputnik / Брайан Смит / Гузаштан ба хазинаи аксГробы умерших от коронавируса, архивное фото
Гробы умерших от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи гурӯҳе аз тоҷикони муқими Волгоград гуфтааст, ки дар ирсоли ҷасадҳои ҳамватанон кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Диаспораи тоҷикон дар Волгоград барои фиристодани ҷасади муҳоҷирони фавтида ба Ватан кумаки худро пешниҳод кардааст.
Дар ин бора ба РИА "Новости" раиси ин ҷамоат Саидаҳмад Маҳмадов хабар додааст.
Субҳи чаҳоршанбе дар як гармхонаи як хоҷагии ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, аз гази карбон заҳролуд шудаанд.

"Барои фиристодани онҳо ба Ватан кумак лозим аст. Кори лозимаро мекунем. Мо аллакай хешу таборро ёфтем, медонем кӣ аз куҷо аст. Албатта, омодаем, кумак кунем", - гуфт Маҳмадов.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса 26 январи соли 2022 рух додааст. Тибқи тафтишот, ин ҳафт шаҳрванди кишвар барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ ба вилояти Волгоград омада будаанд.
Кумитаи тафтишот пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Марги мудҳиши шаш тоҷик дар Волгоград: шарҳи сафорат
Мутахассисон муайян намуданд, ки дар ҷойи ҳодиса қоидаҳои бехатарӣ риоя нашудааст ва аз ин рӯ дар дохили бино газ ҷамъ шудааст.
Қаблан як манбаи РИА "Новости" таъйид карда буд, ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки дар як хоҷагии деҳқонии ноҳияи Среднеахтубинский ба ҳайси коргар киро шуда будаанд.
Дар ҳамин ҳол сафорати Тоҷикистон дар Русия низ марги шаҳрвандони Тоҷикистонро таъйид кард ва гуфт, намояндагони сафорат бо мақомоти дахлдори Русия дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0