Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Номи ҳашт доруе, ки штамми омикронро нобуд мекунанд

© Public domain Таблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Коршиносон гуфтанд, кадом доруҳо барои мубориза бо штамми нави COVID-19 кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҳашт дору бар зидди штамми омикрони коронавирус самаранок мебошанд, менависад "Cell Research".
Ин доруҳои зиддивирусӣ мебошанд, ки пизишкон дар табобати беморони гирифтори навъи делта ва дигар штаммҳои COVID-19 аз онҳо истифода кардаанд.
"Cell Research" ба натиҷаҳои тадқиқоте, ки аз ҷониби олимони Донишгоҳи Кент ва Донишгоҳи Гётеи Франкфурт гузаронида шудаанд, такя мекунад.
Коршиносон муайян кардаанд, ки омикрон ба ҳашт доруе, ки метавонанд ба дорухатҳо барои табобати беморони COVID-19 ворид карда шаванд, ҳассос боқӣ мемонад.
Тест на определение нового штамма Омикрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Сироятшинос гуфт, кадом гурӯҳи одамон гирифтори омикрон мешаванд
Ба онҳо EIDD-1931 (метаболити фаъоли молнупиравир), рибавирин, ремдесивир, фавиправир, ПФ-07321332 (нирматрелвир, компоненти фаъоли паксловид), нафамостат, камостат ва апротинин дохил мешаванд.
Ба гуфти Андрей Поздняков, мутахассиси бемориҳои сироятӣ, номзади илмҳои тиб, барои онҳое, ки ба омикрон гирифторанд, зарурати тағйир додани реҷаи табобат вуҷуд надорад.
Мутахассис таъкид кард, ки табобати симптоматикӣ дар шакли сабуки сироят истифода мешавад. Инҳо риояи режим, парҳез, миқдори зиёди моеъҳо ва доруҳое мебошанд, ки дар ҳолати зарурӣ нишонаҳои COVID-19-ро сабук мекунанд.
Научная сотрудница смотрит в микроскоп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Чӣ гуна бе ташхис метавон фаҳмид, ки гирифтори омикрон шудаед? Посухи табиб
Поздняков илова намуд, ки самараноктарин усули муҳофизат аз коронавирус ин ваксиназанӣ ва реваксинатсия мебошад.
Раванди шадиди омикрон метавонад дар одамони дорои системаи иммунии заиф пайдо шавад, гуфт Александр Гинтсбург, директори Маркази тадқиқотии Гамалея.
Қаблан олимони амрикоӣ як доруеро ном бурда буданд, ки хатари марг аз коронавирус ва бистарӣ шудан дар шуъбаи эҳёро коҳиш медиҳад.
Аспирин ин хосиятро дорад. Ба гуфти олимон, кашфи онҳо пирӯзии бузург аст. Чун аспирин як доруи арзон ва дастрас аст.
Лентаи хабарҳо
0