Аз 16 дараҷа гармӣ то 38 дараҷа сардӣ: пешгӯии обуҳавошиносони Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото
Вид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон боришот пешгӯӣ намешавад, аммо тормеғ ба аксари манотиқи кишвар мефарояд
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 24-29 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Ҷамила Байдуллоева: Моҳи феврали бориши зиёди борону барф дар назар аст
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 9-14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0