Ҷузъиёти нави ҳалокати шаш тоҷикистонӣ дар Волгоград: муҳоҷири ҳафтум дар бемористон аст

© Sputnik / Максим БогодвидАвтомобиль реанимации
Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Ҷасади муҳоҷирони тоҷикро як ҳамватани дигари онҳо пайдо кард ва аз ин ҳодисаи нохуш зуд ба корфармо хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар робита ба ҳалокати шаш тоҷикистонӣ дар вилояти Волгоград Кумитаи тафтишотии Русия аллакай парванда боз намудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон аз оксиди карбон заҳролуд шуданд.

"Дар ҳудуди шаҳраки Рахински ноҳияи Среднеахтубински вилояти Волгоград ҷасадҳои шаш нафар пайдо шуд. Аз рӯи ин далел... парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҷинояти... оғоз гардидааст", - омадааст дар хабари кумита.

Кумита муайян намудааст, ки дар хоҷагии фермерие дар ноҳияи Среднеахтубинск 7 зодаи Тоҷикистон кор мекардаанд. Дар рӯзи сар задани ин ҳодисаи нохуш муҳоҷири ҳафтум ҳамроҳи онҳо набудааст.
Вақте ӯ ба гармхона рафтааст, ҷасади беҷони шаш ҳамватани худро пайдо намуда, зуд ба корфармо хабар додааст. Ахирӣ мошини Ёрии таъҷилиро даъват карда, муҳоҷири ҳафтумро ба бемористон интиқол додаанд.
Нашивка у сотрудника следственного комитета РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Сабаби марги шаш тоҷикистонӣ дар Волгоград маълум шуд
Сабаби марги зодагони Тоҷикистон дар вилояти Волгоград, тибқи маълумоти пешакӣ, заҳролудшавӣ арзёбӣ мешавад.
Тавре дар хадамоти изтирорӣ рӯшан карданд, марг бар асари паст шудани фишори системаи ихроҷи генератори газ дар гармхона рух додааст.
Кумитаи тафтишоти Русия дар тасдиқи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷойи ҳодиса мутахассисон кор мекунанд.
Зимнан сафорати Тоҷикистон дар Русия низ хабари заҳролуд шудани шаш тоҷикистониро таъйид кард ва афзуд, феълан бо мақомоти Русия дар он вилоят дар робита ба ин қазия ҳамкорӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0