Коршинос сабаби қатъи нерӯи барқ дар Осиёи Марказиро шарҳ дод - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як коршиноси умури энержӣ дар бораи сабабҳои қатъи барқ ба якборагӣ дар чанд кишвари Осии Марказӣ рух дод, ибрози назар кард
Ногаҳон қатъ шудани барқ дар се давлати Осиёи Марказӣ кори нақлиёт, бемористонҳо ва як қатор муассисаҳои дигари мунисипалии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро ба мухтал кард.
Игор Юшков, таҳлилгари саршиноси Сандуқи миллии амнияти энержӣ дар суҳбат бо Sputnik сабабҳои эҳтимолии қатъи барқро тасреҳ кард.

"Дар ҳама кишварҳо камбуди нерӯи барқ ​​вуҷуд дошт ва системаи энержӣ дар доираи имконоташ кор мекард", - гуфт коршинос.

Юшков вазъияти энергетикии Қиризистонро мисол овард. Тақрибан 90 фоизи тамоми нерӯи барқро нерӯгоҳҳои барқи обии миллӣ истеҳсол мекунанд ва дар фасли зимистон онҳо ба камобӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин вазъ тавлидро коҳиш медиҳад.
Бишкек маҷбур аст, аз ҳамсояҳои худ - Қазоқистон ва Ӯзбекистон нерӯи барқ ​​бихарад.
Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чӣ гуна ҳалқаи энергетикӣ Осиёи Миёнаро наҷот дод
"Бинобар ин маълум мешавад, ки ҳама то ҳадди имкон кор кардаанд. Қазоқистону Ӯзбекистон новобаста аз мушкилоти худ ба Қирғизистон нерӯи барқ ​​медоданд. Вақте захира нест, пас як садама басанда аст, ки ҳамаро хароб кунад", - тавзеҳ додааст Юшков.
Ёдовар мешавем, рӯзи 25-уми январ аксари кишварҳои Осиёи Маркказӣ барои чанд муддат бе барқ монданд.
Лентаи хабарҳо
0