Дар авҷи COVID кислород намерасид: Мастчоҳ соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад

Аппарат для ИВЛ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ноҳияе дар шимоли Тоҷикистон, ки замони авҷи бемории коронавирус ба мушкили норасоии кислород мувоҷеҳ буд, соҳиби коргоҳи истеҳсоли кислород мешавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар назди беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд мешавад.
Дар ин бора мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, замони авҷи ҳамагир норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд.

"Ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроия сохтмони ин коргоҳ оғоз гардида, таҳкурсии бино гузошта шудааст", - омадааст дар хабар.

Тибқи гузориши манбаъ, коргоҳи мазкур барои 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиёт, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот пешбинӣ шудааст.
Интизор меравад, бо бунёди ин коргоҳ мушкили норасоии кислород дар ин ноҳия рафъ шавад.
Медицинский работник в госпитале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Алоӣ тоҷикиcтониёнро аз омикрон ҳушдор дод: Карантин кунед ва кӯдаконро эҳтиёт намоед
Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои таъмиру навсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила идома доранд.
Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ин ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру навсозӣ шуда истодааст.
Соҳибкорони маҳаллӣ бошад, ният кардаанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангубор намоянд.
Лентаи хабарҳо
0