Матвиенко ба Тоҷикистон меояд: рӯзи сафараш маълум шуд

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко и глава палаты парламента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафари раиси Шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои парлумонӣ иртибот дорад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Рӯзи сафари Валентина Матвиенко ба пойтахти Тоҷикистон муайян шудааст. Дар ин бора худи раиси Шӯрои федератсия дар нахустин ҷаласаи иҷлосияи баҳории он хабар дод.
Ба гуфтаи вай, сенаторҳо дар иҷлосияи баҳорӣ корҳоро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ идома медиҳанд. Аз ҷумла, баргузории ҳафтумин Анҷумани байнипарлумонии Тоҷикистону Русия ва нуҳумин Анҷумани минтақаҳои Русия ва Беларус дар назар аст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Валентина Матвиенко нимаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 аз Тоҷикистон дидан мекунад. Аммо ба далели вазъи эпидемиологӣ тасмим гирифта шуд, ки кори форум ва сафари Валентина Матвиенкоро ба аввалҳои соли 2022 мавқуф гузоранд.
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Маълум шуд, кай Матвиенко ба Тоҷикистон меояд
Мулоқоти қаблии раиси порлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко тирамоҳи соли 2020 дар Маскав баргузор шуда буд.
Дар ин мулоқот Рустами Эмомалӣ раиси Шӯрои федератсияи Русияро ба Тоҷикистон даъват кард ва таклифи ӯ пазируфта шуд.
Сафари Матвиенко ба Тоҷикистон дар моҳи ноябр лағв шуд
Қаблан раиси Шӯрои федератсия дар чаҳорчӯби Форуми V байналмилалии "Русия - Тоҷикистон" дар моҳи октябри соли 2016 дар Тоҷикистон буд.
Баъдтар маълум шуд, ки Матвиенко дар охири моҳи феврал бояд ба Тоҷикистон сафар кунад. Тавре дар расонаҳо қайд карда шуд, агар нақшаҳо тағйир наёбанд, охири моҳи феврал вай ба Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ меравад, ки дар он ҷаласаи комиссия баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0