Курсии муовини Рустами Эмомалӣ холӣ шуд: Муинӣ ба Суғд рафт

© © Sputnik / Амир ИсаевВице-мэр города Душанбе Мавсума Муини
Вице-мэр города Душанбе Мавсума Муини - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури кишвар дувумин занро ба мақоми раҳбарии шаҳр дар шимоли Тоҷикистон таъйин кард
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе аз ин мақом барканор шуда, дар вилояти Суғд ба мансаби нав таъйин гардидааст.
Ин иттилоъро манобеи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Душанбе таъйид намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо фармони президенти Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Дар ин вазифа Муинӣ Раъно Ҳошимзодаро иваз кард, ки ҳамакнун иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон шуд.
Муинӣ ба ҳисоби Ҳошимзода ҳоло дувуми зани шаҳрдор дар Суғд гуфта мешавад.
Ӯ то ин замон муовини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ буд.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
Мавсума Муинзода Муинӣ 41 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Ӯ пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгор аз кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур оғоз кардааст.
Солҳои 2009 – 2017 ӯ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд.
Аз 12 январи соли 2017 то ин вақт мавсуф муованати раиси шаҳри Душанберо ба уҳда дошт.
Раиси тозатъйин донандаи забонҳои хориҷии русӣ ва англисӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0