Ронандаи BMW аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ВУД садамаи пурқурбонӣ дар Суғдро шарҳ дод

© Pixabay/Clark Van Der BekenАвтомобильная авария
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Суғдро шарҳ доданд, ки чор кушта аз як оила, аз ҷумла се ҷасади занро барҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Чаноқ - Мастчоҳ бар асари аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаи BMW рух додаст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, сонеҳа дар пайи он рух додааст, ки ронандаи 31-солаи BMW ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Чаноқ - Бобоҷон Ғафуров - Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи ноуҳдабароии ронанда BMW дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба худрави тамғаи "ВАЗ-21031" бархӯрдааст. Ҳам ронанда ва ҳамаи се мусофири мошини "Жигули" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Ҳалокати се узви як оила дар пайи бархӯрди "Жигули" бо BMW
ВУД афзуд, ки ронандаи "ВАЗ-21031" сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Аз мусофиронаш низ аъзои як оила, занони 36, 62 ва 70-сола ном бурда шудааст.
Ронандаи BMW, сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд ва мусофири ин худрав ҷавони 27-сола, сокини шаҳри Душанбе дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0