Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сирри зуд паҳн шудани штамми омикрон маълум шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксВ России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Штамми омикрон метавонад аз навъҳои дигари коронавирус зудтар паҳн шавад
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Олимони Донишгоҳи тиббии Киото мегӯянд, штамми омикрон аз сабаби зинда мондани он дар баъзе сатҳҳо зуд паҳн мешавад. Натиҷаи омӯзиши онҳо дар портали Biorxiv нашр шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон, таҳавуллоти нави SARS-CoV-2 қодир аст дар ашёи пластикӣ ва пӯсти инсон нисбат ба навъҳои қаблии вирус хеле дарозтар зиндагӣ кунад.
Илова бар ин, қайд карда мешавад, ки омикрон метавонад муддати тӯлонӣ сирояткунанда боқӣ монад.
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Номи ҳашт доруе, ки штамми омикронро нобуд мекунанд
Олимон гуфтанд, ки омикрон метавонад дар ашёҳои пластикӣ тақрибан 193,5 соат зинда монад. Дар ҳоле, ки навъҳои қаблӣ қобили то 56 соат ва штамми делта то 114 соат зинда монад.
Тавре муҳаққиқон пешниҳод мекунанд, қисман бо ҳамин сабабҳо омикроннавъҳои қаблии коронавирусро иваз кард ва бо суръати барқ ​​афзоиш ёфт.
Мутатсия B.1.1.529, ки бо номи штамми омикрон низ маълум аст, дар охири моҳи ноябр дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ муайян карда шуд. Он даҳҳо тағиротро дар S-протеини барои сирояти ҳуҷайраҳо дарбар дорад.
Ба гуфтаи олимон, тағйироти зиёди геном аз интиқоли баланди ин вариант ва муқовимат ба антителоҳои муҳофизатӣ шаҳодат медиҳад.
Ин штамм ба кишварҳои зиёди олам, аз ҷумла ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ роҳ ёфт.
Дар Тоҷикистон ба иттилои Вазорати тандурустӣ ҳоло ин навъ коронавирус мавҷуд нест.
Лентаи хабарҳо
0