Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт барканор шуду мансаби нав гирифт

Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳукумати вилоят ва навоҳии Суғд тағйироти кадрӣ сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт аз мақомаш барканор шуда, вазифаи ҷадид гирифт.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, Зариф Мирдадоро дар мақоми раиси Ашт Шуҳрат Мамадҷонов иваз кардааст ва феълан ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия мебошад.
Манбаъ афзуд, Мирдадо муовини раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар умури кишоварзӣ таъйин гардидааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон: вазири нав кист?
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадии 49-сола, зодаи ноҳияи Ашт, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Қирғизистон бо ихтисоси муҳандис-технолог мебошад.
Таъкид шудааст, ки ӯ фаъолияти меҳнатияшро соли 1995 ба ҳайси устои сехи истеҳсолии комбинати косервабарории шаҳри Бишкек оғоз намуда, аз соли 1996 то 2000 устои сехи истеҳсолии заводи косервабарории ноҳияи Ашт ва баъдан дар бахши кор бо ҷавонон кор кардааст.
Ӯ аз соли 2013 то 2016 сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд буда, аз 8 ноябри соли 2016 ба вазифаи раиси ноҳияи Ашт таъйин гардидааст. Дар ҳолномаи Мирдадо таъкид шудааст, ки ӯ донандаи забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0