Тоҷикистон эълом кард, ки ММД чӣ қадар афзоиш ёфтааст

CC BY-SA 3.0 / Ken Teegardin / Graph With Stacks Of CoinsГрафик роста, архивное фото
График роста, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Рушди иқтисодӣ дар соли 2021 нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли гузашта маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 98,9 миллиард сомонӣ (8,7 миллиард доллар) расид.
Ҳамин тариқ суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2021 9,2 фоизро ташкил дод, хабар медиҳад ҳукумати кишвар. Гуфта мешавад, дар як соли ахир дар бахши умумии даромади буҷаи давлатӣ 29,5 миллиард сомонӣ ворид шудааст.
Ин маблағ аз нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, даромадҳои андоз ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷаи давлатӣ 13,7 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 101 миллион сомонӣ зиёд аст.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Раҳмон дар бораи афзоиши ММД дар Тоҷикистон гуфт
Ҳукумат қайд кардааст, ки дар охири сол уҳдадориҳо аз андозу пардохтҳо дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро шуданд, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон — 114, дар вилояти Хатлон — 106,3, дар вилояти Сугд — 106, дар шаҳри Душанбе — 103, умуман дар шаҳру навоҳии тобеи марказ— 100,1 фоиз.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонааш ба порлумони кишвар гуфтааст, ки дар 20 соли ахир рушди миёнаи солонаи иқтисод дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин шудааст.
Ба гуфти Раҳмон, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 дар соли 2021 ба 95 миллиард сомонӣ расидааст.
Хоким Холикзода глава Национального банка Таджикистана с ноября 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2021
Бехабарии раиси Бонки миллӣ аз иқтисоди сиёҳи Тоҷикистон: “шояд 30 дарсади ММД бошад”
Ҳамин тариқ маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷаи давлатӣ 111 баробар афзудааст.
Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон панҷсолаи рушди саноат барои солҳои 2022-2026-ро эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0