"Воқеиятро дарк намекунад": назари Лавров дар бораи изҳороти дабири НАТО

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВизит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Индию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Русия изҳороти дабири НАТО дар бораи таҳкими ҳузури нерӯҳо дар қисмати шарқии ҳудуди эътилофро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО робита бо воқеиятро гум кардааст.
Ӯ ин нуктаро зимни шарҳи суханҳои дабири НАТО Йенс Столтенберг дар бораи эҳтимоли зиёд намудани ҳузури низомӣ дар қисмати шарқӣ баён дошт.
Лавров дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дер боз суханҳои Столтенбергро ба баррасӣ намегирад.

"Чун фикр мекунам, ӯ аллакай иртибот бо воқеиятро гум намудааст", - овардааст РИА "Новости" аз қавли вазири умури хориҷии Русия.

Вақтҳои охир кишварҳои ғарбӣ зиёд Русияро дар омодагиҳо ба ҳуҷум ба Украина муттаҳам мекунанд, таҷаммуи нерӯҳояшро дар марз бо кишвари ҳамсоя далел меоранд.
Дар пасманзари ин ҳаводис НАТО ҷомеаи ҷаҳониро аз таҳкими нерӯҳояш дар қисмати шарқӣ огоҳ кард. Аз ҷумла гап сари интиқоли нерӯҳои даниягӣ ба Балтика ва чор ҳавопаймои қиркунандаи ин кишвар ба Литва меравад. Интиқоли киштиҳои испанию қиркунандаҳои нидерландӣ ба Булғористон ва интиқоли эҳтимолии воҳидҳои фаронсавӣ ба Руминия аз иқдоми дигари НАТО мебошад.
Украинские солдаты на БТР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
"Хоҳиш мекунам, ором шавед". Кӣ Украинаро муҳосира мекунад?
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия қаблан дар мулоқот бо мақомдорони ИМА таъкид намуда буд, ки Русия нияти ҳамла ба хоки ҳич ҳамсояашро надорад. Ӯ гуфт, ҳамаи иттиҳомот алайҳи Маскав ба канор бурдани таваҷҷуҳ аз талошҳои Киев барои қатъи роҳҳои мусолиматомези мушкили Донбасс равона шудаанд.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд. Аммо то ҳол музокирот дар мавриди замонати амниятӣ ҳеҷ самаре надодааст.
Лентаи хабарҳо
0