Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканории вазиру таъйини ноиби сарвазир

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонСулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон курсии муовини сарвазир дар умури иқтисод, ки тайи шаш моҳи ахир холӣ буд, соҳибашро ёфт
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд.
Як манбаъ дар Ҳукумати Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар гуфт, дар ин маврид фармони дахлдори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст.
“Мавсуф муовини сарвазир дар умури иқтисодӣ хоҳад буд, вазифае, ки қаблан Давлатшоҳ Гулмаҳмазода ба зимма дошт",- гуфт манбаъ.
Қаблан дар ин мақом Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ менишаст, ки моҳи августи соли 2021 бо фармони раисҷумҳури кишвар сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд.
Зиёзода то расидан ба курсии муовини сарвазир вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистонро ба зимма дошт.
Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ ду сол кор кард.
Номбурда 60 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст.
Ӯ дар гузашта раҳбари ноҳияи Зафаробод ва муовини раиси вилояти Суғд низ буд.
Лентаи хабарҳо
0