Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ва табодули назар дар бораи муносибатҳои дуҷониба дидори вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Эрон дар Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар дидори Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе чандин масоили муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Матбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷониба дар самти касбомӯзӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ибрози андеша намуданд.
“Зимни мулоқот тарафҳо масоили муҳими ҳамкориро дар соҳаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳунармандӣ баррасӣ намуданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон тарафҳо иҷрои ҳадафҳоро, ки дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи Эрон дар ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ дарҷ шудаанд, баррасӣ карданд.
Мухаммадтаки Сабири посол Ирана в РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
170 санади ҳамкорӣ – ҳосили сӣ соли равобити Тоҷикистону Эрон
Аз ҷумла, тарафҳо вобаста ба мубодилаи таҷриба дар касбу ҳунарҳои муосир бо истифода аз зарфиятҳои Эрон, баланд бардоштани малакаи устоҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯхтани фаъолияти Муассисаи тадқиқоти меҳнати Эрон ва дигар масоили муҳими соҳавӣ мубодилаи афкор карданд.
Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки ҷонибҳо ба ҳавасмандии худ дар рушди муносибатҳо дар соҳаи кор ва омӯзиши кадрҳои коргарӣ таъкид карданд.
Тарафҳо зикр карданд, ки истифодаи зарфиятҳои дуҷониба ба шакли рӯнамо дар ҷаласаи нахустини гурӯҳҳои корӣ, ки рӯзҳои наздик ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва мушаххас карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0