Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шуд

© Россотрудничество Магистрант Казанского национального исследовательского технологического университета Рахматджон Халилов.
Магистрант Казанского национального исследовательского технологического университета Рахматджон Халилов.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвари Тотористон ба донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон шахсан ҷоизаи ифтихорӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раҳматҷон Халилов, зодаи Душанбе, донишҷӯи сол дар Тотористон шуд, хабар медиҳад "Россотрудничество".
Озмуни "Донишҷӯи сол - 2022" дар Қазон баргузор ва дар он як донишҷӯи ҷавони тоҷик, магистранти Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои технологии Қазон (КНРТУ) пирӯз эълон шуд.
Гран-приро ба беҳтарин донишҷӯи Тотористон Андрей Турчак, муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон доданд.
Илова бар ин ҷавони тоҷик ба ҷуз унвони фахрӣ имкон пайдо кард, ки тавассути барномаи "Алгариш" дар дилхоҳ донишгоҳи дунё таҳсилашро идома диҳад.
Молодежный медиафорум в честь Дня студента прошел в филиале МГУ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод
Раҳматҷон дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадаву хатмкардаи мактаби №20 ба номи А.С. Пушкин ва литсейи №1-и барои бачагони болаёқат мебошад.
Ӯ замони мактабӣ дар доираи барномаи "Россотрудничество" бо донишгоҳҳои Русия шинос буд ва як вохӯрӣ дар Душанбе бо намояндагони КНРТУ роҳи ояндаи ӯро боз кард.
Ҳоло ӯ марҳалаи магистриро дар бахши соҳибкории инноватсионӣ дар коркарди маводи композитӣ хатм мекунад. Инчунин донишҷӯи соли Татористон дар ҳаёти иҷтимоӣ низ нақши муҳим дошта, ВАО-и донишҷӯёнро инкишоф медиҳад.

"Бисёр мехостам барои Ватанам муфид бошам ва бидонам, ки дониш ва маҳорати ман дар он ҷо лозим аст. Дар ин ҷо, дар Русия қадри ба ҷомеа муфид буданро амиқ ҳис кардам. Албатта, мехостам, ки дар Тоҷикистон низ як фарди лозим бошам",- мегӯяд ҷавони тоҷик.

Сардори намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Иван Иванов қайд кард, ки пирӯзии Раҳматҷон барои дигар довталабони тоҷик як ангезаи олӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯзҳо ҳудуди 5 ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия аз имтиҳон ва мусоҳибаи "Россотрудничество" мегузаранд.
"Мисоли як бачаи оддии Душанбе, ки бо нерӯ ва дониши худ ба ҳадафи на танҳо гирифтани таҳсилоти босифати русӣ омадааст, балки дар ҳаёти донишҷӯёни ҷомеа низ нақши муҳим доштааст, бешубҳа, илҳомбахш аст",- гуфт Иванов.
Лентаи хабарҳо
0