Гаспарян: Чаро муноқишаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон 30 сол боз поён намеёбад? - видео

Обуна шудан
Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз муташанниҷ гашт. Ба ин суол, ки чаро ин мушкил 30 сол боз ҳал намешавад, сиёсатшинос посух гуфт
Сиёсатшинос Армен Гаспарян мегӯяд, тайи 30 сол, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистону Қирғизистон натавонистаанд масъалаи аломатгузории марзро ҳал кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, масоили баҳсӣ тақрибан сеяки тамоми марзи Тоҷикистону Қирғизистонро фаро мегирад.
Охирин хабарҳо аз марз: теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 нафар расид
Аз сабаби номуайянии сарҳадҳо сокинони маҳаллии ҷумҳуриятҳо ҳамеша ба душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд: дастраси ба чарогоҳ, об, роҳ.
Гаспарян таъкид кард, ки талафоти иқтисодӣ аз вазъияти мавҷуда хеле калон аст.

"Инро бо ҳар роҳе ҳал кардан лозим аст. Аммо ҳар дафъа бо ягон сабаб ҳамааш аз тирпарронӣ оғоз мешавад. Ва аксари вақт ин тирпарронӣ аз силоҳ аст, ки аслан марзбонон набояд ин амалро анҷом диҳанд", - қайд кард сиёсатшинос.

Гаспарян ин вазъиятро дарди абадӣ номид.
"Агар шумо талафоти иқтисодиро аз ин амали беисти 30-сола ҳисоб кунед, бисёриҳо дар ҳайрат хоҳанд шуд", - мегӯяд сиёсатшинос.
Сиёсатшинос чунин мешуморад, кишварҳоро ба гуфтушунид маҷбур бояд кард, то ба муноқишаҳо хотима диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0