Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкКаска на обочине дороги в Нагорном Карабахе
Каска на обочине дороги в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Мақомот аз аввалин фавт дар пайи муноқишаи марзӣ гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Обидҷон Тӯйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар пайи тирандозии қирғизҳо дар хонаи истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳоло дар деҳаи Сомониён, маҳалли муноқишаи марзӣ қарор дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пайи бархӯрди хумпора ба болои хонааш Тӯйчиев ба шаҳодат расидааст.
Сухангӯи шаҳрдори Исфара вазъи марз бо Қирғизистонро муташанниҷ арзёбӣ кард.
Ба иттилои манобеъ, то ин лаҳзаҳо ҳанӯз муноқиша хатм нашуда, аз ду ҷониб садои тир баланд мешавад.
Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 тан расидааст.
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.
Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0