Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти тоҷик даргирӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ доданд

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Нахустин изҳороти расмӣ дар бораи авзоъ дар марз пас аз муноқиша миёни Тоҷикистону Қирғизистон нашр шуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон амали марзбонони қирғизро таҷовуз ба қаламрави худ арзёбӣ мекунанд, гуфтааст ба РИА "Новости" як манбаъ бе зикри номаш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ .

"Дар ҷои ҳодиса, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид ҷараён дорад ва мо амали марзбонони қирғизро таҷовуз ба қаламрави худ мешуморем", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистониҳо сар задааст.
Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик карданд.
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Се сарбози тоҷик дар даргирӣ дар марзи Қирғизистон захмӣ шуданд
Ҳамин тавр муноқишаи миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0