Парвандаи "миллионҳои Градский": шаҳрванди Тоҷикистон мунтазири мурофиа аст

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузаштан ба хазинаи аксРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додгоҳ яке аз се гумонбар дар парвандаи дуздидии миллионҳои Градскийро боздошт кард ва ӯ мунтазири мурофиа аст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Яке аз онҳое, ки дар дуздии пулҳои ҳамсари Александр Градский муттаҳам мешаванд, дар Наро-Фоминск боздошт шудааст. Дар ин бора ба РИА "Новости" аз додгоҳ хабар додаанд.
Барои ғорати ҳамсари ҳунарманди маъруф Марина Коташенко, як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯ то 16 март дар ҳабс боқӣ хоҳад монд.
Ҳамлагарони дигар ҳанӯз пайдо нашудааст.
Вакили дифоъ гуфтааст, гумонбар дар ҳамла ба ҳамсари Градский ба гуноҳаш комилан иқрор шуд.
Боздоштшуда зодаи 24-солаи Тоҷикистон буда, аз соли 2011 дар Русия ба сар мебарад.
Ӯ дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст. Дар замони боздошт гумонбар гуфтааст, ки сокини Маскав аст ва хабари ҳамларо шунидааст, аммо дар он ширкат накардааст.
Тибқи гузориши мақомот, ӯ дар ягон ҷо кор намекунад, сабти ном надорад ва пештар барои ғоратгарӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаасту барои пинҳон шудан аз тафтишот дар ҷустуҷӯи федеролӣ қарор доштааст.
Қаблан мақомоти интизомӣ ба иттиҳоми ғорати зани ҳунарманд Градский як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро, ки дар бозори маҳаллӣ кор мекард, боздошт кард буданд.
Аммо дере нагузашта мақомоти Русия бо ваъдаи ҳозир шудан дар лаҳазоти зарурӣ ва ҳамчунин пас аз ироаи далоиле дар бораи иштирок надоштани ӯ дар ин қазия ин шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо карданд.
Следственный изолятор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Роҳзан нест: тоҷики муттаҳам ба ғорати 100 млн рубли зани Градский озод шуд
Ёдовар мешавем, ҳодисаи ғорати ҳамсари Градский дар шоҳроҳи Наро-Фомински назди Маскав рӯзи 16-уми январ маълум шуд.
Се марди мусаллаҳ садама тарҳрезӣ карда, ба мошини Коташенко савор шуда, ӯро маҷбур намудаанд, ки ба хонаи худ баргардад ва 100 миллион рублро дуздиданд.
Коташенко гуфт, пас аз дуздидани пул роҳзанҳо аз хонаи ӯ дар вилояти Маскав онҳоро ба шаҳри Апрелевка бурдааст.
Дар он ҷо ҷинояткорон ба мошине, ки дар Маскав ёфт шуд, пинҳон шудаанд. Дар ташкили ғоратгарӣ хидматгорони хонаи ҳамсари овозхони маъруф гумонбар дониста мешавад.
Лентаи хабарҳо
0