Меғ ва шамоли сахт дар Суғд: пешгӯии обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар аксари минтақаҳо фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16-21 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 26-31, дар баъзе минтақаҳо то 33-38 ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғи тунук мефарояд. вазиши шамол дар аксар ноҳияҳо то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2022
Ҷамила Байдуллоева: Моҳи феврали бориши зиёди борону барф дар назар аст
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро камабри бебориш пешгӯӣ карда, фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғи тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0