Тағйироти кадрӣ: президент раҳбарони баъзе аз корхонаву шаҳрҳоро барканор кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанРасширенное заседание Правительства Республики Таджикистан
Расширенное заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал дар ҳайати роҳбарии чанд ниҳоди давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии кишвар, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву кордон таъйин гардиданд.

"Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Ҷамшед аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" озод ва ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид", - афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон Қурбонзода Амирхон, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт, ба унвони муовини раиси вилояти Хатлон таъйин шудааст.
Ҳамчунин дар ҳайати роҳбарикунандаи ширкати "Барқи Тоҷик" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тағйирот ба вуҷуд омад: раис ва муовинон дар ин ниҳодҳои давлатӣ аз ҳисоби мутахассисони варзида таъйин гардидаанд.
Дар боробари корхонаҳои зикршуда президент раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва Роғунро низ аз мақомҳояшон барканор кардааст.
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканории вазиру таъйини ноиби сарвазир
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ҳар як мақоми зикргардида мисол оварда, таъкид кардааст, ки камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф карда шаванд ва аз натиҷааш ҳисобот пешниҳод намоянд.
Зимни мулоқот бо кадрҳои дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хидмати давлатӣ таъйиншуда раисиҷумҳур гуфтааст, ки ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хидмат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0