Сабти заминларза дар пойтахти Тоҷикистон

© AFP 2022 / FREDERICK FLORINСейсмография, архивное фото
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар наздикии пойтахти Тоҷикистон олимон зилзилаеро сабт карданд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.
Ба иттилои манбаъ, замиларзаи рӯзи панҷшанбеи 27 январ, соати 16:22 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст, ки дар наздикии Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, маркази заминларза 40 километр дуртар аз пойтахти кишвар будааст.
Дар ҳамин ҳол тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ хабар дод, ки дар Душанбе заминларза хуб эҳсос шуд.
Олимон шиддати заминларзаро 4,2 балл арзёбӣ кардаанд. Он дар қаъри 10 километр сар задааст.
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Субҳи барвақт дар Тоҷикистон заминларза рух дод
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи талафот ва харобиҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ иттилоъ надодааст.
Ду рӯз пеш низ дар кишвар заминларза сабт шуда буд.
Дар маҷмуъ, аз аввали соли 2022 аллакай як силсила ларзишҳои замин ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказӣ рух доданд.
Лентаи хабарҳо
0