Сомон дар Португалия гирифтори коронавирус шуд

Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мариз шудани як варзишкори кишварро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик гирифтори коронавирус шуд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.
Мариз шудани Маҳмадбеков дар ҳолест, ки ӯ ва Комроншоҳи Устопириён бояд Тоҷикистонро дар Португалия муаррифӣ намоянд.

"Мутаассифона, Сомон Маҳмадбеков дар Гран-Прии Португалия ширкат намеварзад. Ташхиси ӯ аз коронавирус мусбат баромад", - омадааст дар хабари федератсия.

Феълан Сомон дар Португалия қарор дорад ва маълум нест, ки вазъи сиҳҳати ӯ чӣ гуна аст.
Ҳамин тариқ Комроншоҳ ҳоло ягона варзишгари тоҷикест, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи Гран-Прии Португалия, дар вазни 90 кило муаррифӣ мекунад
Комроншох Устопирён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Ҷудокорони тоҷик ба Португалия мераванд
Ин нахустин мусобиқаи IJF дар соли 2022 буда, рӯзҳои 28-30-юми январ доир мегардад.
Дар мубориза барои медалҳои Гранд Слами ҷудо-2022 беш аз 400 варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Пас аз он, рӯзҳои панҷум ва шашуми феврал сабқати "Тоскулоҳи бузург" дар Париж барпо мегардад, ки яке аз бузургтарин рақобатҳои ҷаҳонӣ дар ин намуди варзиш гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0