Дархости СААД аз Тоҷикистону Қирғизистон: Тирпарониро фавран қатъ кунед!

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири кулли СПАД гуфт, низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳал шавад
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Станислав Зас, дабири кулли СПАД бо котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Зас аз ҳар ду ҷониб даъват кард, ки тирпарониро фавран қатъ кунанд.

"Сар задани даргириҳои дубора дар марз ва захмӣ шудани одамон нигаронии ҷиддӣ ба бор овардааст. Муқовимати мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд фавран қатъ карда шавад", - шарҳ дод Зас.

Вай таъкид кард, ки низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо дар сари мизи музокирот ва бо роҳи осоишта ҳал шавад.
Дабири кулл зикр кард, ки СПАД омодааст, ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли низоъ ба таври лозим кумак кунад.
Ёдовар мешавем, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни низомиёни нерӯҳои марзбонӣ задухӯрд ба амал омад.
Ин танишро ҳодисае ба вуҷуд овард, ки 27 январ дар наздикии Исфара рух дод. Тибқи иттилои пешакӣ, шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми гузаштан аз рустои Сомониён ба ҷамоати Чоркӯҳ, ба сӯйи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон санг партоб кардаанд.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шумори низомиёни захмӣ дар задухӯрди марзии ахир ба шаш нафар расид
Роҳи Исфара — Ӯш фавран баста шуд.
Намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти интизомии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли қазия ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Маркази матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки низомиёни тоҷик қисмати роҳи Бодканд - Исфанаро якҷониба бастаанд.
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам муноқиша ба амал меояд. Баъзан задухӯрдҳои байни сокинони маҳаллӣ ба бархӯрдҳои бузурги низомӣ табдил меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0