Толибон “мурдаро мондаву тӯтхӯрӣ рафтанд”: мусобиқаи бузкашӣ миёни ду вилоят - видео

Обуна шудан
Мусобиқаи бузкашӣ миёни аспсаворони вилоятҳои Тахор ва Кундуз дар шаҳри Талоқон, маркази вилояти Тахор бо ҳузури садҳо тамошобин ва ҳаводорони ин навъи варзиш оғоз шуд
Масорифи баргузории ин мусобиқотро, ки ба мудддати се рӯз идома хоҳад дошт, аспсаворони вилояти Тахор ба уҳда гирифтаанд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқот таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни алоқамандони ин варзиш дар ду вилоят гуфт шудааст.
Мусобиқаи бузкашӣ дар миёни мардуми тоҷик хеле маъмул аст. Як рӯз пеш бузеро сар мезананд ва дар об мегузоранд. Рӯзи бозӣ дар як майдони васеъ гурӯҳи иштирокчиёни мусобиқа (човандозон) ҷамъ омада, дар оғози мусобиқа ин буз миёни човандозон партофта мешавад.
Дар мусобиқаи бузкашӣ човандозон барои аз дасти ҳариф гирифтану ба ҷойи таъиншуда расондани бузи сарбурида рақобат мекунанд ва нафаре пирӯз мешавад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро бигирад ва онро ба марра бирасонад.
Лентаи хабарҳо
0