Вокуниши омбудсмени тоҷик ба қатли ваҳшиёнаи ҷавони 25-солаи тоҷик дар Петербург

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане
Пресс-конференция Уполномоченного по правам человека в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Умед Бобозода аз ҳамтои русаш дархост намуд, ки онҳоро аз рафти тафтишот ва натиҷаи он дар ҷараён гузоранд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба қазияи қатли бераҳмонаи ҷавони тоҷик дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург вокуниш кард.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар ин робита ба ҳамтои руси худ Светлана Юревна муроҷиат намуда, дархост кард, ки ҳодисаи нохушро таҳти назораташ қарор диҳад.
Илова бар ин дар муроҷиати мазкур хоҳиш шудааст, ки аз натиҷаи назорат ҷониби Тоҷикистонро дар ҷараён гузоранд.
Аэропорт Пулково в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2022
Дар фурудгоҳи Пулково ҷасади муҳоҷири 26-солаи тоҷик ёфт шуд: гулӯяшро буриданд
Ёдовар мешавем,23 январ дар назди фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Эмомалӣ Давлатови 26-соларо аз дохили мошинаш пайдо кардаанд.
Тибқи видеоҳои камераҳои назоратӣ, болои ҷавони тоҷик дар дохили мошишина ҳамла сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ҳангоми содир шудани ин ҷиноят дар мошин се мусофир қарор дошт.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса, тибқи қисми 1-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҷустуҷӯи гумонбарон дар ҳудуди вилояти Ленинград идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0