Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд

© Sputnik / Рамиз БахтияровМашина скорой помощи
Машина скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Як корманди ҳукумати шаҳри Исфара низ дар пайи муноқишаи марзӣ тир хӯрдааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Некзод Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Исфара аз тири марзбонони қирғиз захм бардоштааст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи марказии ин шаҳр, Хоҷаев аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст.
Гуфта мешавад, номбурда шом ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумат ба ҷоҳи ҳодиса, ки муноқиша миёни сокинон идома дошт, рафта буд.
Ба иттилои манобеъ, теъдоди захмиён ба 13 тан расидааст, ки 11 нафари онҳо низомиянд. Табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар кӯҳҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва аз чор тараф аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд.
Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомоти тоҷик даргирӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ доданд
Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.
Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодиса
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0