Ҳафт муштзани тоҷик ба финали қаҳрамонии Осиё баромаданд

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 7 муштзани тоҷик ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар нахустин қаҳрамонии Осиё миёни то 22-солаҳо 9 варзишгари тоҷик дар даври нимниҳоӣ сабқат намуда, 5 нафар ба финал баромаданд. Ду варзишгари дигар тоҷик қаблан роҳхати финалро соҳиб шуда буданд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, даври ниҳоии қаҳрамонии то 22-солаҳо, ки 22 январ дар Тошканд оғоз гардид, рӯзи 29-уми январ баргузор мешавад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар марҳилаи нимниҳоӣ миёни бонувон Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило пирӯз эълон шуд, чун ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Дар финал Қосимова бо муштзан аз Ӯзбекистон вориди майдон мешавад. Ду бонуи муштзани дигари тоҷик, Малика Нозимова ва Ҳусния Холова медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Ёздаҳ варзишгари тоҷик дар Тошканд ба даври нимфинал роҳ ёфт
Манбаъ афзуд, ки миёни мардҳо барои медали олимпӣ Акбаралӣ Абдураҳмонзода дар вазни 51 кило, Абдумалик Болтаев - 75кг, Некрӯз Салимов - 80кг ва Шаҳбоз Ҳайитов - 86кг барои медали зӯрозмоӣ мекунанд.
Дар вазни 92 кило Давлат Болтаев бо намояндаи Қирғизистон ва дар вазни беш аз 92 кило Муҳаммад Аброриддинов бо Ҷаҳонгир Зокиров аз Ӯзбекистон ба медали тилло менамояд.
Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кило ва Расул Аҳадов дар вазни 67 кило дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумла 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа иштирок намуда, 7 нафар ба финал роҳ ёфта, 4 нафари дигар медал биринҷиро соҳиб шуданд.
Лентаи хабарҳо
0