Изҳороти расмии КДАМ: Қирғизистон ба сарҳади Тоҷикистон техникаи вазнини ҳарбӣ меорад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк"АрМИ — 2020". Танковый биатлон. Индивидуальная гонка
АрМИ — 2020. Танковый биатлон. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон расман талафот миёни сокинони осоишта ва сарҳадбононро дар мунокишаи марзӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон расман муноқишаи марзиро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, 27 январи соли 2022, тахминан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Қирғизистон ба шумори панҷоҳнафар аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи "Портер"-и шаҳрванди Тоҷикистонро, ки рег мекашонду аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло то маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Исфара ҳаракат мекард, маҷбуран боздоштанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
КДАМ: Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд
"Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомадааст. Ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қади пули дар боло зикр шуда (275 метр) мавқеъи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуда ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд",-", -афзудаасӣ маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ.
Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Тоҷикистон талафот дида мешавад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад.
"Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд",-афзудааст КДАМ.
Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, гуфтааст КДАМ .
Лентаи хабарҳо
0