Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ: Қирғизистон ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон тир холӣ мекунад

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация на передовой в ЛНР
Ситуация на передовой в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, тирборон аз ҷониби Қирғизистон башиддат идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Аз ҷониби Қирғизистон оташфишонии шадид идома дорад, хабар медиҳад, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, тирпарронӣ ба сӯи сокинони Тоҷикистон, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни иҷтимоӣ сурат мегирад.
Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки посгоҳҳои сарҳадӣ аз миномётҳо тирандозӣ карда мешаванд.
КДАМ Тоҷикистон таъкид кардааст, ки шиддати тирандозӣ аз ҷониби Қирғизистон афзоиш меёбад.
"Дар миёни шаҳрвандон ва марзбонони Тоҷикистон талафоти ҷонӣ вуҷуд дорад", - гуфтанд дар кумита.
Раёсат ҳамчунин дар бораи истиқрори воҳидҳои ҷудогонаи низомӣ, таҷҳизоти низомӣ ба манотиқи марзии вилояти Бодканд хабар дод.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли даргир, низомиёни қирғиз аз силоҳҳои пулемиёт, миномиёт, автомат ва дигар силоҳҳои вазнин истифода мекунанд.

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъи навбатӣ сар зад.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
КДАМ: Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марз ҳудуди 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст.
Лентаи хабарҳо
0