Оромӣ дар марз: гуфтугӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфтанд, аммо чӣ натиҷа доданд?

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото
Сотрудник пограничной службы КР на границе с Таджикистаном. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Музокироти чандсоатаи гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расиданд, аммо то ҳол натиҷаҳои он мушаххас нашудаанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Хадамоти матбуотии мақомоти вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон аз анҷоми мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод.
“Мулоқоту музокироти ҷонибҳо барои таъмини сулҳу субот дар минтақа ба анҷом расид”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳар ду кишвар аз эълони натиҷаҳои ин музокирот худдорӣ кардаанд.
Ҳамчунин манбаъ хабар дод, ки эҳтимол дорад, ба наздикӣ даври дуюми музокироти гурӯҳҳои корӣ сурат бигирад.
Переговоры на границе Таджикистана и Киргизстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Музокирот дар марз: Раҳмонализода аз пешгирии низоъ гуфту Тошиев аз одоби ҳамсоядорӣ
Ҳамзамон манбаъ илова кард, ки аз субҳи 28 январи соли равон вазъ дар марз ором аст.
Ёдовар мешавем, ахиран дар шаҳри Исфара мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъмини сулҳу субот дар минтақа баргузор гардид.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин музокирот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ мекунанд.
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ намуда, минбаъд пеши роҳи чунин даргириҳо гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол роҳбари мақомоти амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда мешавад.
Сотрудник таможенной службы в Кыргызстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Касе ҳалок нашудааст. Қирғизистон теъдоди захмиёнаш дар муноқишаи марзиро гуфт
Ӯ таъкид кард, ки пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.
Рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Палата, больница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Тоҷикистон расман теъдоди фавтидагону захмиёни муноқишаи марзиро эълон кард
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарроӣ табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд - Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз хумпораандоз, аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Ба иттилои омори расмӣ, дар ин задухӯрдҳо 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон захмӣ шуданд ва ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
Лентаи хабарҳо
0