То 35 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе
Вид на город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон номусоид гардида, боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа сард ва то 16 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа сард шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш мешавад, вале дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон бебориш буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, вале бебориш мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, меҳ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук, рӯзона 9-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1-4 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, меғ мефарояд. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0