Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиРаджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара сарбозон ва сокинони маҷруҳро дар беморхонаи марказии шаҳри мазкур хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ба ҷароҳатбардоштагон аз президенти Тоҷикистон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида шуд.
Переговоры на границе Таджикистана и Киргизстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокираи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ идома меёбад
Ҳамзамон зимни суҳбат бо масъулин таъкид шуд, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят захмиёнро табобат мекунанд.
“Раванди табобат зери назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифта, дар асоси супориши президенти Тоҷикистон тамоми лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ дастрас карда шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд ба сарбозону сокнинони маҷруҳ шифои комилу оҷил таманно кард. Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло вазъ дар марз ором арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар як кӯча 11 хонаи хароб: мақомоти тоҷик хисороти даргирии марзиро ҳисоб доранд - акс
Расман мақомоти Тоҷикистон субҳи 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0