Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Содир Ҷабборов дар бораи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон изҳори назар кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зимни музокироти миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба низоъ дар марз, Ҷабборов ба сокинони кишвараш муроҷиат кардааст
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, дар бораи ҳодиса дар марз бо Тоҷикистон изҳори назар кард.
Дар ин бора раисҷумҳури Қирғизистон дар саҳифаи Facebook-аш изҳори назар кардааст.
Сарвари Қирғизистон изҳори умедворӣ кард, ки муноқиша зудтар ҳал шавад ва гуфт, ки ҳалли ин ҳодисаро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст.
"Вазъият дар марз комилан таҳти назорати ман аст. Худо хоҳад, ҳама чизро бо роҳи музокирот, бо роҳи сулҳ ҳал мекунем. Нигарон набошед", — навиштааст Ҷабборов.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Пострадавший в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шумори захмиёни даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш ёфт
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Шокирджон Хакимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшинос: Масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон бояд бетаъхир ҳал шавад
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд. Як фавтида низ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст.
То соати 2:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан ором арзёбӣ мешавад, задухӯрдҳои фаъол дар марз ба поён расидаанд, садои тирҳои гоҳ-гоҳ ба гӯш мерасад. Тарафхо гуфтушунид доранд.
Лентаи хабарҳо
0