Барои кадом гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба Русия манъ аст: посухи вазорат

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкРейд сотрудников ФМС по выявлению нелегальных мигрантов в Москве
Рейд сотрудников ФМС по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Беш аз 15 000 тоҷикистонӣ иҷозаи убур аз марзи Русия ба дохили ин кишварро надоранд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муҳоҷироне, ки вурудашон бо қарори додгоҳ барои қонуншикании вазнин баста шудааст, феълан иҷозаи дохил шудан ба Русияро надоранд, гуфт, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Шаҳноза Нодирӣ ба РИА "Новости".
Бино ба гузориши Нодирӣ, дар соли 2021 Русия вуруди 120 ҳазору 490 муҳоҷири меҳнатиро, ки дар қаламрави Русия ҷиноятҳои хурд содир кардаанд, боз кардааст.
Вай афзуд, беш аз 15 000 шаҳрванди Тоҷикистон, ки вурудашон ба ин кишвар бо қарори додгоҳ бинобар қонуншикании вазнини маъмурӣ баста шудааст, мамнуъ аст.

"Дар соли 2021 беш аз 3 ҳазор муҳоҷири корӣ тавассути ҷалби муташаккил аз Тоҷикистон ба Русия рафтанд ва муташаккилона бештари муҳоҷирон ба Маскав, Санкт-Петербург мераванд", - гуфт ӯ.

Ба гуфти вай, дар соли 2019 миёни Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия имзо шуд.
"Дар як соли ахир 352 ҳазору 385 нафар аз кишвар барои ҷустуҷӯи кор рафтаанд, аммо ба гуфтаи ҷониби Русия, ин рақам ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳад", - афзуд Нодирӣ.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Медведев гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон метавонанд дар Русия муваффақ шаванд
Ба гуфти манбаъ, ихтилофҳо дар он аст, ки бисёре аз муҳоҷирон шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳангоми хуруҷ аз ин кишвар ҳамчун шаҳрванди Русия сабти ном мешаванд ва ба омори Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирати корӣ ворид намешаванд.

"Ва онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо шиносномаи Русия омадаанд, ба рӯйхати муҳоҷирон ворид шудаанд", - гуфт муовини вазир.

Вай қайд кард, ки ҳоло созишнома дар бораи табодули маълумот дар шакли электронӣ ба имзо расида, пас аз он Тоҷикистону Русия ба як методологияи ягонаи шумориши муҳоҷирон меоянд.
Барои муҳоҷирон дар вилояти Маскав чӣ корҳое анҷом дода мешавад?
Ба гуфти вай, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон стратегияи муҳоҷират то соли 2030 таҳия мешавад, ки дар он таъсиси як низоми идорашавандаи муҳоҷират ва омӯзиши кадрҳо дар маҳал пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0