Сафири Русия: Вуруди бештари паноҳҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон имкон дорад

© Пресс-служба посольства России в ТаджикистанеЧрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Чрезвычайный и Полномочный посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сафири Русия дар Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар сурати бадтар шудани вазъияти Афғонистон мумкин аст, аз 11 то 12 ҳазор нафари дигар то поёни соли 2022 ба Тоҷикистон фирор кунанд
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар шаҳри Душанбе ахиран гуфт, ки имкон дорад, ба Тоҷикистон аз Афғонистон паноҳҷӯёни бештаре ворид шаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Вай гуфт, сервисҳои амниятии вижаи Тоҷикистону Русия барои шиносоии шибҳинизомиён дар миёни паноҳҷӯён талош мекунанд.
“Дар сурати бад шудани вазъият дар Афғонистон, ки дар ҳоли ҳозир бо як буҳрони амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, мумкин аст, мавҷи ҷадиде аз паноҳҷӯён ба Тоҷикистон биёяд. Мақомоти Тоҷикистон ба ҳамроҳи шарикони байналмилалӣ ба раҳбарии дафтари Комиссориёии олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон дар ҳоли тавсеаи тарҳҳои вокуниши муносиб ҳастанд”,- таъкид кард оқои Фралов.
Дипломати рус гуфт, бар асоси чашмандози онҳо, дар сурати бадтар шудани вазъият дар Афғонистон мумкин аст, 11 то 12 ҳазор нафари дигар аз мардуми ин кишвар то поёни соли 2022 ба Тоҷикистон фирор кунанд.
Женщина в бурке с ребенком на улице в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2021
Русия: Ғарб ба бозсозии Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷират кумак кунад
“Мо умедворем, Душанбе битавонад аз ҳуҷуми густурдаи ҷадиди паноҳҷӯён ҷилавгирӣ кунад, ки мусталзими ҳазинаҳои молии ҷиддӣ ва кори созмонии зиёде барои пазириш, баррасӣ ва сукунати онҳо аст. Илова бар ин ҳамеша ин хатар вуҷуд дорад, ки шибҳинизомиён ва радикалҳои билқувва ба паноҳандагони сулҳҷӯ нуфуз кунанд”, - қайд кард сафири Русия.
Вай илова кард, ки албатта, раҳбарии Тоҷикистон инро ба хубӣ дарк мекунад. Бинобар ин мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар ҳоли анҷоми корҳои иттилоотии муназзам дар ин замина, аз ҷумла бо ҳамкории идороти марбутаи Русия ҳастанд.
Пас аз он ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико поёни амалиёти низомии Вашингтон дар Афғонистонро эълом кард, Толибон бидуни мувоҷеҳа бо ҳеҷ муқовимате Кобулро тасарруф карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин кишвар дар 15 соли гузашта беш аз 3000 хонаводаи паноҳҷӯи афғонро сабт кардааст, ки теъдоди онҳо дар маҷмуъ 15 ҳазор нафар аст. Тоҷикистон бо 1344 километр тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад.
Лентаи хабарҳо
0