Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Шаб чӣ гузашт: вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гуна аст

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вазъи кунунӣ дар марзи ду кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Қирғизистон хуруҷи нерӯҳоро аз хатти марзӣ бо Тоҷикистон анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.

"Ба ҳолати 29 январ вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии ду кишвар муътадил арзёбӣ мешавад. Ҷониби қирғиз аз хатти сарҳад ба нуқтаҳои истиқрори доимии онҳо берун кашидани нерӯҳо ва воситаҳои иловагиро аллакай ба анҷом расонидааст", — омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, ки воҳидҳои хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар реҷаи муқаррарӣ хидмат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дар наздикии рустои Хоҷаи Аъло шоми 27 январ сар зад.
Каска на обочине дороги в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии ВУХ Русия аз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба сӯи рустои Сомониёни ноҳияи Исфара рег мебурд, боздоштанд.
Пас аз он мардуми маҳаллӣ дар сарҳад ҷамъ шуданд. Дар байни шаҳрвандон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, ки зуд ба сангпартоӣ аз ҳар ду ҷониб мубаддал гашт.
Баъдан марзбонон вориди даргирӣ шуданд ва тирпарронӣ оғоз шуд. Баъди чанд вақт техникам ҳарбй ба кор даромад. Тарафҳо дар мавриди истифода аз миномёт ва гранатомётҳо муттаҳам шуданд.
Деҳаи ҳамсоя зери оташ қарор гирифт. Баъзе хонаҳо дар Хоҷаи Аъло ба кӯҳи сангу тахтаҳои сӯхта табдил ёфтаанд.
КДАМ Қирғизистон версияи худро дар бораи ҳодиса пеш гузошт. Ба гуфти ин вазорат, сабаби муноқиша бастани қитъаи шоҳроҳи Бодканд - Исфара будааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ҳарбӣ низ иттиҳоми мутақобила карданд.
Музокираи Тоҷикистону Қирғизистон бар сари баҳсҳои марзӣ идома меёбад
СПАД ба вазъият дахолат кард. Дабири кулли созмон Станислав Зас бо намояндагони ҳарду ҷониб телефонӣ суҳбат карда, аз онҳо хост, тирпарониро ҳарчи зудтар қатъ карда, низоъро тавассути музокироти дуҷониба ҳал кунанд.
Тоҷикистон иддао кард, ки дар ҷараёни даргирӣ 10 нафар аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ маҷруҳ ва 2 нафар кушта шудаанд.
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар як кӯча 11 хонаи хароб: мақомоти тоҷик хисороти даргирии марзиро ҳисоб доранд - акс
Қирғизистон аз 11 маҷруҳ гуфт. Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мешавад.
Пас аз муноқиша мақомоти ду кишвар ду мулоқот баргузор карданд. Нахуст тарафҳо барои оташбас ва аз сарҳад баровардани техникаи низомӣ тафовуқ карданд.
Оромӣ дар марз: гуфтугӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфтанд, аммо чӣ натиҷа доданд?
Иштироккунандагони маҷлиси дуюм аз нияти таъсиси комиссияи муштарак барои тафтиши воқеа хабар доданд. Ба он хизматчиёни ҳарбӣ ва додситонӣ вориданд.
Ҳамчунин дар қаламрави миёни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо нерӯҳои марзбонӣ ва пулис боқӣ монда, шаҳрвандони қаблан интиқолдодашуда ба хонаҳояшон барбардонида мешаванд, хатҳои осебдидаи барқ ​​барқарор ва роҳҳои басташуда боз хоҳанд шуд.
Даври дуюми гуфтушунид рӯзи 29 январ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0