Анҷоми CAFA - 2022: Эрон пирӯз ва бонуи ӯзбекистонӣ беҳтарин голзан шуд

© Федерация Футбола ТаджикистанаЖенская сборная Ирана по футзалу
Женская сборная  Ирана по футзалу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар риштаи футзал миёни бонувон эълон шуданд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дастаи миллии бонувони Эрон ғолиби қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2022 дар риштаи футзал шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҷамъбасти майдондориҳо бонувони эронӣ тавонистанд аз ҳама зиёд - 16 холро ба даст оранд.

"Бонувони футболбози эронӣ аз шаш бозӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, як вохӯриро мусовӣ карданд ва 16 хол гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.

Ҷои дуюм ва медалҳои нуқра насиби тими бонувони Ӯзбекистон шуд, ки 13 холро соҳиб гардиданд. Чор хол ва медалҳои биринҷӣ дар ин мусобиқа насиби тими Қирғизистон шуд. Тими мизбон - мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо як хол дар зинаи чорум қарор гирифт.
Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, дар маросими ҷамъбастӣ ҷоизаи "Fair Play" ба тими Эрон супорида шуда, Мафтуна Шоимова аз дастаи Ӯзбекистон бо 9 гол беҳтарин нишонзан дониста шуд. Беҳтарин бозигари Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ Фаришта Каримӣ аз Эрон эълон гардид.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Қобили зикр аст, ки аввалин Чемпионати CAFA "Futsal Championship" байни дастаҳои занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр баргузор гардида, ҳар як даста шаш бозӣ анҷом дод. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян гардид.
Лентаи хабарҳо
0