Мақомот: Русия соли гузашта беш аз 120 ҳазор муҳоҷири тоҷикро афв кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксВозобновление работы МФЦ в Москве
Возобновление работы МФЦ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардаанд, ки дар соли гузашта афви муҳоҷиратӣ нисбати 120590 шаҳрванди ҷумҳурӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2021 дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ афви муҳоҷиратӣ нисбати 120590 шаҳрванди ҷумҳурӣ сурат гирифт.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки кадом муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз сӯйи мақомоти Русия афв шуданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин нафароне ҳастанд, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир, инчунин қоидаҳои будубошро дар қаламрави Русия вайрон намуданд.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин муддат то 30 сентябри соли 2021 зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои муайяншуда, будубош ва фаъолияти худро дар қаламрави Русия қонунӣ кардаанд.
Заместителя председателя Совета безопасности РФ Д. Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
МақомотиТоҷикистон ҳамзамон қайд кардаанд, ки барои ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ба шахсони масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст.
Ёдовар мешавем, пештар Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки дар ин кишвар бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд.
Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия ҳамасола хабар медиҳанд, ки дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иддаои мақомоти Русияро рад мекунад ва мегӯяд, дар қаламрави Русия аз 400 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ бештар нест.
Лентаи хабарҳо
0