Пирӯзии размикори тоҷик бар рақиби ӯзбекистонияш - видео

Обуна шудан
Рақобати размикорони тоҷику ӯзбек дар мусобиқаи байналмилалӣ дар даври якум анҷом ёфт
Манучеҳр Давлатов, варзишкори тоҷик бо ҳамтои узбекистонияш Ҷаҳонгир Ҷалолиддинов вориди майдон шуданд.
Ин сабқат дар вазни нимсабук дар доираи мусобиқаи OPEN FC 16 дар шаҳри Толятия баргузор гардид.
Дар лаҳзаҳои аввали зӯрозмоӣ варзишгарон бо ҳамлаю ақибнишиниҳо паҳлӯҳои заифу қавии рақибашонро меҷустанд. Намояндаи Ӯзбекистон, ки аз рӯи қад нисбатан пасттар буд, ҳарифаш аз Тоҷикистонро ба замин андохт, аммо зуд бартариятро аз даст дод.
Давлатов бо доштани пойи Ҷамолиддинов аз шеваи дардрасоне истифода намуд ва ногузир намояндаи Ӯзбекистон водор ба таслим шуд.
Дар пайи анҷоми сабқат размикори ӯзбекистонӣ ба кумаки табибон ниёз пайдо кард, чун пояш лат хӯрда буд.
Лентаи хабарҳо
0