Қадрдонии вазири тандурустии Тоҷикистон бо ордени ИДМ

© Минздрав РТВручение Ордена Джамоллидину министру здравоохранения РТ
Вручение Ордена Джамоллидину министру здравоохранения РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон бо Ордени Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти назди Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барои хидматрасонии тиббӣ қадрдонӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, маросими тақдими ордени макзур ахиран дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ин кумита баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки аснои тақдими орден намояндагони кумита ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, хосатан вазир Ҷамолиддин Абдуллозода барои хизматрасонии тиббӣ ба ҷанговарони интернатсионалист изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин ва Ом Бирла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2021
Аз маориф то иқтисоду тандурустӣ: мулоқоти Муҳриддин бо Ом Бирла дар Ҳиндустон
Ёдовар мешавем, ки 31-уми августи соли гузашта раисҷмуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як идда аз ходимони давлатӣ мукофотҳои давлатӣ дод.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз ҷумлаи нафароне буд, ки бо ин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0