Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард

© Sputnik / Алекс МакнотонФлаг Великобритании
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ахиран сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониё бо вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва иттиҳод дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ бо лорд Ториқ Аҳмад, вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва иттиҳод мулоқот кард, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бритониёро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.
Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони падараш сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Мансаби духтари Раҳмон, “допингхӯрӣ”-и Муин ва боз таниш бо қирғизҳо
Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро рӯзи 15-уми декабр имзо кардааст. Рухшона Эмомалӣ дар ин мақом ҷойгузини Халифазода шуд.
Рухшона Эмомалии 39-сола собиқаи кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёро дорад. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Эмомалӣ Раҳмон нуҳ фарзанд дорад ва Рухшона Раҳмонова фарзанди чаҳоруми раиси ҷумҳурӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0