Трамп: Байден Ҷанги Савуми Ҷаҳониро оғоз мекунад

© Sputnik / Stringer / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент США Дональд Трамп на церемонии инаугурации в Вашингтоне
Президент США Дональд Трамп на церемонии инаугурации в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури пешини Амрико бори дигар ҳукумати кунуниро дар бесалоҳиятӣ ва сиёсати ноком барои ҷаҳон муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Сифатҳои заифи роҳбарии Ҷо Байден ҷаҳонро ба хатари оғози Ҷанги Сеюми Ҷаҳон рӯ ба рӯ кардааст. Дар ин бора Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА дар як гирдиҳамоӣ дар Техас изҳори назар кард.
"Заифӣ ва нотавонии Ҷо Байден ҷаҳонро ба хатари воқеии Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ кардааст. Ҳар рӯз нотавонии Байден Амрикоро зери хатар мегузорад. Тавре ҳама медонанд, он коре, ки Русия бо Украина мекунад, ҳеҷ гоҳ сурат намегирифт... агар ман раисҷумҳур мебудам”, - гуфт Трамп.
Вай афзуд, дар ҳоле ки ҳама дар Вошингтон ба ҳимояи марзҳои Украина машғуланд, нерӯҳо набояд ба Аврупо фиристода шаванд, балки бояд ба ҳифзи марзҳои Амрико аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ равона шаванд.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Байден боз фаромӯш кард, ки президенти Амрико кист
Сиёсатмадор ҳамчунин бар он аст, ки бо талошҳои шахсии ӯ сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” ноком шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, тӯли чаҳор соли давраи раёсатҷумҳурии Трамп Русия "ба ҷое нарасид".
Ба қавли ӯ, сиёсати демократҳо ғайр аз “кулоҳгузории сатҳи олӣ” чизи дигаре нест.
"Чин ба Тайван таҳдид мекунад, Эрон ба сохтани бомби ҳастаӣ наздик аст, Русия метавонад Украинаро таҳти назорат бигирад. Бовар мекунед?"
Афзоиши таваррум дар ИМА боиси баланд шудани нархи бензин, инчунин нарасидани мол дар мағозаҳо шуд.
Трамп шикоят кард, ки китобро нашр карда наметавонад, зеро барои чоп коғаз, ширеш ва ранг кофӣ нест:
"Чизе дастрас намудан ғайриимкон аст. Мағозаҳо холӣ ҳастанд", - гуфт раисҷумҳури собиқ.
Илова бар ин ӯ итминон дод, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ба собиқаи кории Нэнси Пелосӣ хотима хоҳад дод ва “оилаи ҷинояткори Байден”-ро аз Кохи Сафед берун мекунад.
Брифинг президента США Дональда Трампа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2021
Трамп: Байден 85 миллиард доллар таҷҳизоти низомиро ба дасти “Толибон”* раҳо кард
Трамп ҳамчунин хостори афви ширкаткунандагони ҳамла ба Капитолия шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раҳбари пешини Амрико борҳо ҳукумати Байденро ба бесалоҳияти муттаҳам ва иддао карда буд, ки Русия ва Чин ошкоро Байденро масхара мекунанд.
Трамп ҳамчунин истеъфои Байденро дар робита ба рӯйдодҳои Афғонистон талаб кард.
Илова бар ин Трамп ҳукумати кунуниро дар паҳншавии коронавирус, вазъи буҳронӣ дар сарҳадҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида, аз даст додани истиқлоли энергетикӣ ва халалдор кардани иқтисод масъул медонад.
Лентаи хабарҳо
0