Ваъдаи губернатори вилояти Маскав дар бораи беҳтар намудани зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксГубернатор Московской области Андрей Воробьев
Губернатор Московской области Андрей Воробьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Воли ё губернатори вилояти Маскав шарҳ дод, чӣ гуна мехоҳад мушкилоти муҳоҷиронро дар вилояти Маскав ҳал кунад
ДУШАНБЕ, 30 янв - Sputnik. Мушкилоти муҳоҷирон дар вилояти Маскав ҳал хоҳад шуд. Дар ин бора Андрей Воробёв, волии вилояти Маскав дар як наворе гуфтааст, ки шабакаи "Telegram 360" онро нашр кардааст.
Вай ба муҳим будани ин мавзуъ таъкид ва қайд кард, ки сокинони маҳаллӣ аз вазъи зиндагии муҳоҷирон нигаронанд.

"Гап дар он аст, ки агар шумо дар сохтмон ё маҷмааи логистикӣ кор мекунед, шумо бояд барои муҳоҷирон зиндагии роҳату бехатарро фароҳам созед, то дар миёни сокинон нигароние пайдо нашавад", - гуфт Воробёв.

Ба гуфтаи волии вилояти Маскав, тағйироти дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилот аллакай барои баррасӣ равон карда шудааст ва дар оянда ин пешниҳодҳо ба қонуни федералӣ дохил карда мешаванд.
“Мо ин корро муҳим медонем”, — қайд кард роҳбари вилояти Маскав.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия бояд як "раванди мутамаддин" бошад, аммо дар ин маврид мушкилот вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи ӯ, қонунгузории Русия дар умури муҳоҷират тағйир хоҳад ёфт ва тасмимҳои гирифташуда "ҳам нарм ва ҳам ҳалкунанда" хоҳанд буд.
Оқои Медведев афзуд, ки қоидаҳои воридшавӣ бояд барои хориҷиён муносиб ва ҳамзамон сахтгир бошанд. Бояд нафароне, ки ба Русия ба кор мераванд, қонунгузории ин кишварро пурра риоя кунанд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Медведев дар бораи тағйироти қатъӣ дар раванди муҳоҷират гуфт
Вай тавзеҳ дод, ки имрӯзҳо ҳеҷ кишваре наметавонад бидуни вуруди муҳоҷирон фаъолият кунад. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳамо ҷо ҳаст ва нақзи қонун низ вуҷуд дорад.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бархе аз тасмимҳо дар мавриди тағйири муқаррарот дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ алакай гирифта шуда ва бархе аз онҳо дар марҳилаи омодашавӣ ҳастанд.
Медведев ёдовар шуд, ҳар нафаре, ки ба кор меояд, бояд забони русиро донад ва фарҳанги ин кишварро низ дарк кунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, ин ба хориҷиён барои мутобиқшавиашон ба шароити зиндагӣ дар Русия кумак мекунад.
Лентаи хабарҳо
0