Афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон

© PixabayКурицы на прогулке
Курицы на прогулке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Вазорати кишоварзӣ кишвар аз афзоиши бардошти гӯшти мурғ хабар дода гуфт, ки ҷумҳурӣ дар соли гузашта беш аз 44 ҳазор тонна гӯшти паранда гирифтааст
ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати кишоварзиии Тоҷикистон соли гузашта дар кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 44,1 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 ҳазор тонна гӯшти паранда зиёд ба даст омадааст.
Ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ, ки дар он масъулини Вазорати кишоварзӣ ҳузур доштанд, иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон”, айни замон дар Тоҷикистон 203 адад корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекунад.
“Аз ин 99 адад корхона ба истеҳсоли тухм 92 адад корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад корхона ба истеҳсоли ҳам гӯшт ва ҳам тухми паранда ва 3 адад корхона ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза ва 1 адад корхона ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, тухми инкубатсионӣ ва чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд”- иттилоъ доданд масъулини Вазорати кишоварзӣ.
Прилавок с мясом птицы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Арзон мешавад? истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон зиёд шуд
Тибқи иттилои манбаъ, аз корхонаҳои парандапарварии мавҷуда 67 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 21 адад ба вилояти Хатлон, 114 адад ба вилояти Суғд ва адад ба вилояти ВМКБ рост меояд.
Масъулини Вазорати кишоварзӣ зимни нишасти хабарӣ қайд карданд, ки соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини тамоми аҳолӣ бо гӯшти мурғ мавқеи намоён дорад.
Лентаи хабарҳо
0