То 42 дараҷа сардиву хатари тармафароӣ ва якхбандӣ: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксАвтомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавои Тоҷикистон бебориш, аммо фаромадани меғ ва тарма пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ карда, аммо фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳиро аз эҳтимол дур намедонад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб яхбандӣ ва фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.
Ҳамин тариқ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 (дар мавзеи Булункӯл то 40-42 дараҷа) ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Меғ мефарояду яхбандӣ мешавад: тавсияҳои КҲФ барои эмин мондан аз хатарҳо
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 ва рӯзона 3-2 дараҷа сард мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ин минтайа тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахт низ боришот дар назар нест, аммо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона — 2+3, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0