Ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ зиёд шуд: омори мақомот

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар маҷмуъ ҷамъоварии маблағи барои истифода нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта 93,6 фоизро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон дар соли гузашта ҷамъоварии маблағ барои истифода аз нерӯи барқ ​​ 93,6 дарсадро ташкил дод, иттилоъ додааст Вазорати энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, барои истифодаи нерӯи барқ ​​3 миллиарду 113,6 миллион сомонӣ (275,5 миллион доллар) ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2020 (2 миллиарду 728,5 миллион сомонӣ) 385,1 миллион сомонӣ ё 14,1% бештар аст.
Манбаъ яке аз сабабҳои афзоиши ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқро дар ​​пурзӯр кардани назорат аз болои кори низоми биллингӣ, инчунин таҳкими идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ ба муштариён гуфтааст.
Линии электропередач, Дубаи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
Манбаъ қайд кардааст, айни замон дар асоси технологияҳои муосир (барномаҳои биллингӣ), ки дар соҳа истифода мешаванд, ирсоли СМС ба муштариён дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо, истифодаи нерӯи барқ, пардохт ва бақияи он пас аз бақайдгирии электронӣ аз шаффофият ва дуруст ҳисоб кардани қувваи барқ шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр хидматрасонӣ ба сатҳи нав баромадааст.
Айни замон Вазорати энергетика бо дигар сохторҳо барои ҷорӣ намудани низомҳои электронии идоракунии энергетикӣ дар саросари кишвар бо истифода аз технологияҳои муосир кор бурда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0