Ҷоми рушд-2022: рақибони наврасони Тоҷикистон дар Минск муайян шуданд

© ФФТЮношеской сборной Таджикистана (U-16)
Юношеской сборной Таджикистана (U-16) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми рушд-2022 озими Белорусия мешавад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи анҷоми тамринот дар Анталияи Туркия, тими мунтахаби наврасони тоҷик ба Беларус меравад.
Ба иттилои ФФТ, дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон барои Ҷоми рушд-2022 бозӣ хоҳад кард.
Манбаъ афзуд, дар доираи ин мусобиқа, ки аз 6 то 13 феврал дар назар аст, тими Тоҷикистон нахустин бозиро бо ҳамтоёнаш аз Қирғизистон анҷом медиҳад. Бозии мазкур 7 феврал дар шаҳри Минск дар назар аст.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи рушди футбол тафоҳумномае имзо карданд
Бо дастаи мизбон - тими Беларус наврасони тоҷик рӯзи 9-уми феврал вориди майдон мешаванд. Бо Озарбойҷон 10 феврал ва Қазоқистон 12 феврал бозӣ дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол соли қабл медалҳои тило ва барандаи Ҷоми рушд-2021 гардида буд.
Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск, тибқи системаи даврӣ, дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Феълан тими Тоҷикистон барои анҷоми тамринот дар Туркия қарор дорад ва бархе бозиҳоро анҷом дод. Аз ҷумла наврасони Тоҷикистон дар бозӣ бо футболбозони академияи "Краснодар" бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд.
Дар доираи бозиҳои тамринотии дигари тими наврасони Тоҷикистон дар нақша аст, ки рӯзи 31-уми январ бозӣ бо тими наврасони Булғористон ва 3 феврал бо мунтахаби наврасони Мексика баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0